ВАХШ. Дар асоси нақша -чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ҷиҳати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар боғчаи бачагонаи №7 чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Сабоҳат Салимова мудри шбаи Кумитаи иҷроияи ба сухан баромада, иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба Наврӯзӣ байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, барои тарбияи дурусти насли наврас, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ масъулини кӯдакистонро ҳидоят кард. Баъдан кӯдакони даврони соҳибистиқлоли азизамон бахшида ба ҷашни Наврӯз шеръҳо қироат карда, бо саҳначаҳои ҳаҷвии худ хотири ҷамъомадагонро шод намуданд. Ҳамзамон дар ҷамъбасти чарабинӣ ба мудири боғчаи мазкур, Камолова Хайринисо ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тақдим карда шуд.