БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЖУРНАЛИСТОН ОЗОДОНА СУХАН КАРДА МЕТАВОНАНД

АНДЕША. Оё дар матбуоти Тоҷикистон озод менависанд, - бо чунин мазмун журналисти радиои “Озодӣ” Мирзонабии Холиқзода бо журналистон сардабири рӯзномаи “Минбари Халқ” Бахтиёр Ҳамдамов ва собиқ сардабири рӯзномаи “Нигоҳ” Фариддуни Раҳнавард мубоҳиса доир намуд.

Озодии баён имрӯз дар матбуоти Тоҷикистон дар ҳақиқат дида мешавад. Дар матбуоти даврӣ журналистони касбӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз ақидаҳои хешро баён мекунанд, таҳлил мекунанд ва масъалагузориҳо карда мешаванд. На ҳама маводҳои ноқис, андешаҳои ботил, ки ҳусни касби журналистиро мекоҳонад, дар матбуот чоп мешаванд.

Имрӯз рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ғайраҳо хонандаҳои сершумор доранд ва аҳли ҷомеа пайваста онро мутолиа мекунанду дар байни мардум маъруфу машҳур мебошанд. Дар рӯзномаҳои номбурда воқеоту ҳаводис илму фарҳанг ва дигар мавзуъҳо хуб инъикос карда мешаванд.

Дар рӯзномаҳои номбаршуда садҳо адад мақолаву хабарҳо ва андешаҳои гуногуни рӯзноманигорон ба табъ мерасанд, магар онҳо дар навиштани ақидаҳояшон озод нестанд?! Агар озод намебуданд, менавиштанд. Ҳаргиз!

Албатта,  рӯзномаҳое, ки хонандаи зиёд надоранд, мақбули ҳамагон нестанд, ба фурӯш намераванд ва бо ҳамин асосҳо, яъне аз сабаби танқисии молиявӣ маҷбур мешаванд, ки баста шаванд.

Сабаби ба хориҷа ва муҳоҷират рӯ овардан аз ҷониби Б. Ҳамдамов таҳлили дуруст карда шуд, зеро имрӯз на танҳо журналист, балки хоҳ духтур, муҳандис, олим, омӯзгор касе набошад бо хоҳиши худ метавонад ба куҷое хоҳад барои беҳтар кардани шароити   худ мераванд, ин дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст.

Имрӯз журналистон дар Тоҷикистон озодона сухан карда метавонанд, касе имкониятҳои онҳоро маҳдуд карда наметавонад.

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg