БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР – МАШВАРАТ МАСЪУЛИЯТРО БАЛАНД МЕСОЗАД

КӮЛОБ. Бо мақсади дурусту низомнок ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва баланд бардоштани масъулияти раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ бо як қатор котибон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинар – машварати омӯзишиву дастурдиҳӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти семинари мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз иштирок ва баромад намуд.

Зимни семинар қайд карда шуд, ки моро зарур аст то фаъолияти худро ба таври дуруст ба роҳ монем ва дар ҳамин замина шахсони фаъолу ташаббускорро ба сафи ҲХДТ шомил созем.

Вобаста ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи корбарӣ дар самти коргузории ҳизбӣ бо раисон ва котибони ҳизбӣ саволу ҷавоб ба роҳ монда шуд, ки иштирокдорон ба саволҳои додашудаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg