БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ ТО КУМАКИ ҲИЗБИЁН ДАР БОХТАР

Имрӯз дар Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар шаҳри Бохтар бахшида ба иди Наврӯз чорабинии идона доир карда шуд. Дар ташкилоти мазкур нафарони имконияташон маҳдуд парасторӣ мешаванд. Бояд зикр кард, ки чунин ашхос ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ бо туфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” иштирок намуда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба омад-омади фасли зебои сол баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла қайд дошт, ки Наврӯз аз қадимтарин иди миллии мардуми тоҷик буда, ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу бузургии хоса истиқбол карда мешавад.

“Хушҳол аз он ҳастем, ки Худованд мову шуморо боз ба як баҳор ва Наврӯзи нав расонид. Шумо бошандагони ин ташкилот ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Мо низ имкон пайдо карда, ба дидорбинии шумо меоем,”- гуфт, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода.

Қобили зикраст, ки ба 30- нафар ашхоси дорои имконияти маҳдуд дошта аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg