КӮЛОБ. Пайваста кӯмаку дастгирӣ намудани оилаҳои ниёзманд яке бахшҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ ва сохторҳои он ба ҳисоб меравад.
Бо ибтикори роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи хусусии тиббӣ” ба панҷ оилаи ниёзманд дар арафаи ҷашни Наврӯз кумак дар шакли маводҳои ғизоӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, чунин иқдомҳои наҷибу хайрхоҳона аз тарафи аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам ба анҷом расонида мешаванд.