КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Башорат” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ Мунаввараи Бозоралӣ ва Шоева Дилноза, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Башорат” Тоҷиева Роҳила ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, аз ҷониби ҳозирин қайд карда шуд, ки Наврӯз ҷашни мубораку қадима буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ин ҷашн зиндашавии табиат, баробаршавии рӯзу шаб ва он пеш аз ҳама ҳар як инсонро ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ хидоят мекунад.
Барои болидахотирии иштирокдорон дар охир чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.