БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАКИ ВАКИЛОНИ ҲИЗБӢ БА ЯТИМОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

КӮЛОБ. Ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давалат ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҲХДТ  Қурбонзода Наргис ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба миқдори 10 халта орд ва равған кумак расонида шуд.

Зимни он аз тарафи Шарифзода Гулрухсор қайд карда шуд, ки аёдати яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа ва пайваста ғамхорӣ намудан нисбат ба ятимону бепарасторон аз фазилатҳои неки инсонӣ мансуб меёбад. Мавсуф дар идома гуфт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат ҲХДТ ва вакилони он чунин корҳои хайру савобро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи имкониятҳо дасти кумаки худро мерасонанд.

Роҳбрияти ин боргоҳи таълимӣ ва таҳсилкунандагони он барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба ҳозирин изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg