БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи бомаврид ва самараноки замин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷрояи шаҳрӣ  ва аъзои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, пешгирии исрофу исрофкорӣ, омилҳои сироятшавии ҷавонон ба бемории сироятии ВНМО, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифзи арзишҳо ва фарҳанги миллӣ,тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар суханронӣ намуданд.         

Инчунин, масъалаи риояи Қонуҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дасти сахо дароз намудан ба ятимону шахсони ниёзманд, бунёди муаасисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки бори дигар ба самъи мардум расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg