АНДЕША. Дар таърихи давлатдории ҳар халқу миллат рӯйдодҳои муҳиме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян месозад. Ташккули истиқлолияти давлатӣ, суботи ҳамешагӣ, ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ ва бунёди рукнҳои давлатдории навини тоҷикон ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад.
Баъд аз барқароршавии ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд. Дар ҳамин замина ҷиҳати муттаҳид намудани неруҳои солими ҳамақида ва роҳнамоӣ намудан дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, Пешвои муаззами миллат ба бунёди нерӯи сиёсии созанда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос гузоштанд, ки имрӯзҳо ҲХДТ аз маҳбубияту самимияти мардуми кишвар ба ҳадди назаррас бархӯрдор мебошад.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Фазои сулҳу субот дар кишвар имкон дод, ки ҷиҳати бештар истеҳсол ва дастрасӣ ёфтани мардум ба маҳсулотҳои ғизоии кишоварзӣ дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида, собиқ хоҷагиҳои ҷамоавӣ таҷдид гардида, ба мардум замин тақсим карда шуда, хоҷагиҳои хурди инфиродӣ таъсис дода шуданд. Дар тӯли 30-соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои Худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Даминов Илҳом, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш