БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҚАДИМТАРИН ҶАШНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ "Осору-л-боқия" аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст" ва дар китобаш "Ал-тафҳим" менигорад ки "нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишона аз соли нав аст".

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби "Ал-тафҳим" овардааст, ки "чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд".

 Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки "Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист?  Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст".   

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар рисолаи "Наврӯзнома" нисбат дода, ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт "Наврӯз" ном ниҳод ва ҷашн ойин овард.

 Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла "Шоҳнома"-и ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, "Ал-тафҳим", "Осору-л-боқия"-и Абурайҳони Берунӣ ва "Наврӯзнома"-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҳо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоқи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоқи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.  

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби "Осору-л-боқия" овардааст, ки "чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд".

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи  ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Расулов Ғолиб,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg