Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.
АНДЕША. Наврўз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврўзро, баҳорро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрўз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд аз ин рўз ва дар ин рўз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некўиро пеша кунанд.
19 феврали соли 2010 бо саъю кўшиши роҳбарияти Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон Қатъномае дар бораи Рўзи ҷаҳонии Наврўз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуд ва Наврўзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид. Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Даби аз 28 сентябр то 02 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, гузошта шуданд. Дар ин ҷамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуд. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҳамчунин, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, кӯшишҳои давлатҳо-аъзоҳоро, ки дар ҳудуди онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати нигоҳ доштан ва ривоҷу равнағ додани фарҳангу анъанаҳои бо Наврӯз алоқаманд, дастгирӣ карда, даъват ба он намуд, ки оид ба Наврӯз маълумоти бештар пешкаш карда шавад, дар ҳолати зарурӣ ҷамъомадҳои ҳарсола бобати таҷлили ин ҷашн ташкил намоянд, таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашн бо мақсади паҳн кардани маълумот дар бораи аҳамияти Наврӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, ба давлатҳои манфиатдор ва Созмони Милали Муттаҳид, хусусан ба муаасисаҳои махсусгардондашудаи дахлдори он, Фондҳо ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таҳсилот, илму фарҳанг, ташкилотҳои манфиатдори байналмилалӣ ва минтақавии дигар, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, таклиф намуд, ки дар чорабиниҳои давлатҳои Наврӯз ҷашнгиранда, иштирок намоянд.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштааст. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз гувоҳи ин матлаб аст. Иқдоми Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Рӯзи умумиҷаҳонии Наврӯз барои густариши ин ҷашни бошукӯҳ дар ҷаҳон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки минбаъд доманаи анъанаҳои он, чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, шаҳодат медиҳад. Имрӯз мардуми бештар аз бист кишвари ҷаҳон Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегиранд ва ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарин ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Салимова Сабоњат, мудири шуъбаи кор бо љавонон ва занони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Вахш ВМВХ ноҳияи Вахш аз ҳавзаи №3