БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ЭҲЁГАРИ ТАБИАТ

АНДЕША. Наврӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле пайдоиши он ба замони ҳазрати одам ва Кайумарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад. Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар масири ташаккулу инкишофаш давраи бозоии мудовими табиат ва аз ин тариқ, ҷараёни тақвини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувияти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиву хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.

Чи гунае, ки аз таърих ба мо маълум аст, Наврӯз-яке аз қадимтарин идҳои миллии тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст. Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдорию пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон 16-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили ҷашни Наврӯз- ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он, ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад.

Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро ботантана ҷашн мегирад. Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмадори ин ҷашни бузург будаанд.

Даминов Илҳом,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg