Ҷ.БАЛХӢ. Дар таърихи фарханги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оӣине чун ҷашни хуҷастапаӣ ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз паӣвандгари насли имрӯз бо расму оӣин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумии тоҷикон буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Нарӯзи байналмилалӣ дар ноҳия дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии идона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия иштирок дошта, оид ба таърихи пайдоиши Нарӯзи байналмилалӣ, расму оинҳои он ибрози андеша намуда, сокинонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.