БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ЗАМОНИ СИПОСИ БЕИНТИҲОСТ

Наврӯз  оғози бедории табиат, оғози нафаси гарми хок  асту мардумро ба иҷрои корҳои муфид ва созанда ташвиқ менамояд. Ин иди мубораки бостониро чун оини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмиву созандагӣ  ҷой мегирад.                                                         

                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ба Тоҷикистон, ба Ватани мардумони бедордил, ба макони  одамони покизасиришт Наврӯз омад. Наврӯзи хуҷастапай. Наврӯзе, ки  бо  омаданаш ба   ҷаҳони ҳастии инсоният  таровату шукӯҳ ва  назокату латофати хосса зам менамояд ва зиндагиро дар назарҳо  рангинтару гуворотар ҷилвагар месозад. Наврӯз бо шукӯҳу  ҷалоли  хеш дар диёри зебоманзари гулбасари мо ҷилванамоӣ дорад. Бо ҳазор ранг, бо ҳазор нозу нуз, бо рангиниву  назокат, гулфишониву  дилситонӣ, дилбариву дилрабоӣ.

Ин иди бошукӯҳ, ки аз ниёгони соҳибмаърифати мо  ҳамчун иди зиндагисозу умедбахш ба мерос омадааст ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҷаҳонӣ шуд.

Ва инак, ин иди бузургро   қариб дар тамоми дунё ҷашн мегиранд, зеро ҳадафи асосии он инсонгароӣ ва инсондӯстӣ буда, аҳли башарро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия менамояд.

Наврӯз яке аз идҳои муборак мебошад, ки аз пешдодиёни соҳибмаърифату  фарҳангсолори мо  чун беҳтарину муқаддастарин  ҷашн бо он ҳама  бузургӣ ва судманду зиндагисоз буданаш ба мерос омадааст.

Наврӯз аслан ҷашни мардуми ориёитабор маҳсуб мегардад, ки аз фарҳанги форсизабонон маншаъ гирифтааст ва чун иди зиндашавии табиат, тавлиди идеяҳои созанда дар афкори ҳар як инсон, айёми гулгулшукуфӣ, ҷашни изҳори муҳаббатҳо  ҳамасола бо  шукӯҳу шаҳомат  таҷлил мегардад.

Наврӯз оину суннатҳои ба худ хос дорад, ки дар тарбияи инсони асил нақши муассир доранд. Маросимҳои наврӯзии “Хонатаконӣ”, “Ҷуфтбаророн”,”Бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар”,  ”Аёдати  беморон”,”Адои қарз”, ”Оташпарак”, “Обпошӣ” ва ғайраҳо   далели он ҳастанд,  ки  мардум  ба  ҳамаи  офаридаи  Худованд бо назари нек  менигаранд  ва ҳама чиз барояшон  азизу муқаддас  мебошад. Изҳори муҳаббат, садоқату вафодорӣ, кумак расондан ба бенавоёну ранҷурон, авфи гуноҳҳои ҳамдигар, ба аёдати беморон рафтан, аз ҳоли пирон ва ятимон  хабар гирифтанро мардуми ориётабор савоби бузург медонанд ва маҳз дар чунин иду ҷашнҳои бузург онро амалӣ менамоянд.

Мардум бо чеҳраи кушодаву табассуми воқеӣ ба истиқболи Наврӯз мебароянд, ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, муборакбод менамоянд ва таманниёти муҳаббатомезу гиромиро ба якдигар арза медоранд.  Ин  суннатҳо ва расму оинҳои наврӯзӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар гузашта аз Наврӯз инсонҳо сабақи одамдӯстӣ, поктинатӣ, хештаншиносӣ ва ростқавливу меҳмоннавозиро  меандӯхтанд ва  он имрӯз ҳам  мардумро дар рӯҳияи ахлоқи шоиста тарбия менамояд.

Ривоят мекунанд, ки Ҳазрати Алӣ (с) аз як соҳибмулке ҳадя  қабул мекунад ва мегӯяд: “Ҳар рӯзамон Наврӯз бод”.  Агарчӣ асрҳо ва солҳои зиёде аз он рӯз сипарӣ гардида бошад ҳам,  ин суннати наврӯзӣ то ба имрӯз ҳам боқӣ монда, дӯстиву садоқатро миёни одамон устувор нигоҳ медорад.   Одамон  дар ин рӯзи муборак  ба   хонаи  ҳамдигар  бе  дастовези наврӯзӣ намераванд. Чӣ суннати наҷибест, ин суннати наврӯзӣ, зеро тақдими туҳфа муҳаббатҳоро  афзун, бинои дӯстиро мустаҳкам  ва  бехи душманиро  решакан  месозад.

Дар Бадахшон маросими наврӯзӣ бо номи “Килоғузғуз” роиҷ аст, ки дар шаби дуввуми “Наврӯз” ҷавонони ошиқ барои хостгории  маҳбубаҳояшон мераванд ва аз  волидайнашон онҳоро  талаб мекунанд. Бадахшониён ин маросимро муқаддасу муборак медонанд ва  ин  ҷавонони ошиқро ноумед намекунанд.

Ато Мирхоҷа, шоири мумтози тоҷик ин лаҳзаи пурнишотро хеле моҳирона, зебову  шоирона ба қалам додааст:

     Наврӯз ояд, базму  тараб хоҳам кард,

     Бингар кӣ чӣ сон кори аҷаб хоҳам кард.

     Мардум аз Худо умри дароз металабанд,

     Ман аз падарат туро талаб хоҳам кард.

Умари Хайём дар “Наврӯзнома”-и хеш овардааст: ”Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар ба хуррамӣ ва шодӣ гузаронад”.

Наврӯз айёми мустаҷоби дуоҳост.  Бо омадани он дилҳо муҳаббатгоҳ мегарданд, бухлу кина,  адоват,  ҳасад,  бадбинӣ ва дигар ахлоқи разила  вуҷуди инсонҳоро тарк мекунанд .

Наврӯз  замони сипоси беинтиҳои махлуқоти замин ба Худованди карим аст. Мо низ  дар ин замони дуову ситоиш аз Яздони пок  хоҳони он ҳастем, ки кулли мардуми сайёра дар фазои сулҳу амонӣ ва осоиштагиву оромӣ  умр ба сар баранд ва дар ҳар хонадон пайваста шодиву сурур танинандоз бошад.    

Умедворем, аҳли башар то Наврӯзи дигар умр ба хушнудиву хуррамӣ  мегузаронанд ва дар олам аз ҷангу хусумат, хунрезӣ, тахрибкорӣ ва ашку нолаву афғон асаре намонад

Мутмаин ҳастем, ки  дар  Наврӯзи  имсола Худованд дар дилҳои  он нафароне,  бо ҳамдигар ҷанг мекунанд,  хуни одамӣ мерезонанд,  рӯзи сапеди мардумро ба шоми тираву тор мубаддал  месозанд,  ҳисси раҳму шафқатро бедор месозад.  Кош ин одамон    низ аз ҷавҳари аслии   Инсон будан воқиф мегарданд ва роҳ сӯйи водии ваҳдату ҳамдилӣ мепаймоянд, оғӯши  меҳру муҳаббат  сӯйи ҳамдигар боз ва  дасти оштӣ сӯйи ҳам дароз  мекунанд.

Ва чун ҳама суннатҳои наврӯзӣ манбаи азими ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд,  иншооллоҳ ин тоифаи одамон низ ин суннатҳои наврӯзиро ба ҷо меоранд ва  дар  баробари дигар инсонҳо   дар ободониву созандагӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Сумангули  Асадбек, ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg