БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МУЖДАИ НАВРӮЗ”

 

ВИЛОЯТ. Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баҳри дар рӯҳияи баланд таҷлил кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, аксияи тақсимоти гули сияҳгӯш таҳти унвони “Муждаи Наврӯз” баргузор гардид.

Аксияи ҳизбӣ  бо ҷалби волонтёрон, аъзои  ТҶҶ “Созандагони Ватан” титбқи 5 хатсайр, ки фарогири тамоми кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар буд,  баргузор гардид. Волонтёрон ба дохили бинои ташкилоту муассисаҳо ворид гашта, кормандонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик ва ба бонувон як донагӣ гули сияҳгӯш тақдим намуданд. Ҳамзамон чунин иқдом аз ҷониби волонтёрон дар кӯчаву хиёбонҳо бо роҳгузарон анҷом дода шуд.

Гурӯҳи панҷум бо роҳбаладии масъулини Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба хонаи бонувон – собиқадорони ҳизбу меҳнат ташриф оварда, онҳоро якҷо бо наздикону пайвандон бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, гулҳои сияҳгӯш ҳамчун рамзи наврғӯзӣ тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg