Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин дар ҳамоҳангии намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия дар муассисаи таълимии №1 бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ фарогири мавзӯъҳои сиёсати ҷавонон самти афзалиятноки барномавии ҲХДТ» ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан –Модар ё самараи хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон буда, масъулини ҳизбӣ ҷавонону наврасонро ба худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ таъкид сохтанд.