ШАҲРИТУС. Дар асоси нақша-чорабинии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии дар тҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон, аз он ҷумла, собиқадорони ҳизбу меҳнат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок доштанд,
Вакилони мардумӣ нуктаҳои муҳими Паёми навбатиро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, ҷамъомадагоро барои боз ҳам рушд ёфтани Тоҷикистон азиз, арф гузоштанд ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, пешниҳоди иқдому ташаббусҳои ватандӯстона, истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣӣ роҳнамоӣ карданд.