А.ҶОМӢ. Дирӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Иттифоқ ва Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти судманд доир намуд, ки дар ин вохӯрӣ ӯро Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамроҳӣ кард.
Гулбаҳор Сангилло дар баромади худ қайд кард, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шудаанд.
Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.
Ҳамчунон мавсуф оид ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баромади пурмуҳтаво намуда, афзуд, ки мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро чораҳои зарурӣ андешем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар охир интихобкунандагон аз вакили мардумӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.