А.ҶОМӢ. Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 87740-и дар ноҳия буда вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, суҳбату муколама баргузор гардида, ҳар як самтҳои Паём тариқи оммафаҳм ва бо маълумотҳои амиқу дақиқ ба иштироккунандагон фаҳмонида шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби меҳмонон ба китобхонаи қисми ҳарбии мазкур китобҳо бо номи "Ҳайкали тиллоӣ" муаллифаш Сайфиддин Акрамзодаи Тӯдаӣ тақдим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки барои сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.