БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ДУ НАСЛ ДАР ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо байни насли калонсол ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия баргузор гардид.  

Дар рафти чорабинии мазкур масъулин ба сухан баромада, оид ба мавзӯҳои болозикргардида суханронӣ намуда, қайд карданд, ки падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд. Чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо бо масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳенат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст. Аз ҷумла, дар он муқаррар шудааст, ки: “Фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд”. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg