Н.ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон санаи 12 майи соли равон доир гардид, бо мақсади анҷоми корҳои хайру сахо, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманду барҷомондагон, садақи фитри рӯза, ки яке аз рукни муҳими моҳи шарифи Рамазон мебошад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Сураё Алиева дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намуда, маблағи фитри рӯза ва барои ифтор харҷ мешударо тасмим гирифт, ки маоши моҳонаи худро дар ин моҳи муборак ба мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритуз ба толибилмони ин даргоҳи маърифат барои 100 нафар харҷ карда, ба онҳо дастархони идона орост. Чунин иқдомҳои неку хайрхоҳона аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ бори аввал набуда, шахсони эҳтиёҷманду маъюб, ятимону барҷомондагон, собиқадорону оилаҳои ниёзманд дар мадди назари онҳо мебошанд.