БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: ПАЁМ МУСОИДАТ БА РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Ин навбат кормандони ҳизбӣ дар  маҳаллаи  Орзуи  Ҷамоати деҳоти  Фирӯзаи ноҳия бо сокинон    суҳбату  вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо нуктаҳои  Паёми имсоларо  шарҳу  тавзеҳ  дода,  сиёсати  хирадмандонаю созандаи  Пешвои  миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  он дар  раванди  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ, тарбияи ахлоқиву  маънавии  ҷомеа  муфассал сухан гуфта, қайд  намуданд, ки  дар  Паёми  имсола  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои кишвар  дар  самти истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ     дар  давоми  солҳои  1997-2020-ум 7,3  фоизро  ташкил  медиҳад, ки  он дар  ин  давра  5  баробар  афзоиш  ёфтааст. 

Бо  мақсади  дастгирии  давлатии  кишоварзони  мамлакат  ва  таъмини  фаровонии  бозори  истеъмолӣ  пешниҳод  шуд, ки соли  2021  аз  пардохти андози  ягонаи  замин озод  карда  шуданд.   Роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳо  вазифадор гардиданд,   ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як  кишоварз ва  ҳар  як  оила заминҳои  наздиҳавлигию президентӣ  ва бо тухмиҳои   аълосифат таъмин намуда,  бо  ҳамин  роҳ гирифтани  се  ҳосилро махсусан  дар  соли  2021 чораҳо  андешем.

Сипас, сокинон ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои татбиқи амалҳои неку шоиста  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg