БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲВАРИ ПАЁМ ДАСТГИРИИ БАХШИ ХУСУСӢ ДАР КИШВАР

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Ин навбат кормандони ҳизбӣ дар  маҳаллаи  Баҳори Ҷамоати деҳоти  Фирӯзаи ноҳия бо кормандони  сехи дӯзандагии соҳибкори маҳаллӣ    суҳбату  вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо нуктаҳои  Паёми имсоларо  шарҳу  тавзеҳ  дода,  сиёсати хирадмандонаю созандаи  Пешвои  миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  он дар раванди  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ, тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа  муфассал сухан гуфта, қайд  намуданд, ки  дар Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат  қайд  гардид, ки  давлату  Ҳукумат пайваста   бахши  хусусиро  дастгирӣ  менамояд  ва  он бо  маром  инкишоф  ёфта,  саҳми  он  дар  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  беш  аз  70  фоиз ва  дар  таъмини  ҷойи  корӣ  68 фоизро  ташкил  дода,  даромадҳои  андозӣ 80  фоизро ташкил  медиҳад.

Роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳо  вазифадор гардиданд,   ки  барои  ташкили  корхонаҳои  истеҳсолӣ  ва дар ҳар як  шаҳру  ноҳия чораҳои  зарурӣ  андешанд.    Сипас, кормандони  сехи мазкур ин гуфтаҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамвозии худро барои татбиқи амалҳои неку шоиста  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg