БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ЧАШНИ ҲАМОҲАНГСОЗ,ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГИИ ИНСОНҲОСТ

«Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оийн, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро аз газанди рӯзгорон ҳифз кардааст».                                                      

                                                                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва сиёсии мардуми мо саҳми бузургу боризе дошта, воситаи муҳими тарбияи эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ ва талқини ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа будааст.

Наврӯз василаи ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебоии табиат ва хиради зебоипарастии мардуми ориёнажод аст.

Дар миёни идҳои халқҳои ҷаҳон Наврӯз ягона ҷашнест, ки на робитае ба ягон дину мазҳаб ва халқияту миллатҳо, балки башариятро дар рӯҳияи зебоипарастӣ, эҳтироми унсурҳои табиат, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва зиндагии орому осуда тарбия мекунад.

Наврӯз як ҷашни воқеиест, ки бо эҳёи табиату эътидоли шабу рӯз, шукуфтани гулҳову чакомаи булбулҳо, гулрези баҳорону садои обшорон шурӯъ шуда, олами набототу ҳайвонот ва умуман, кулли мавҷудотро ба ҳаракату ҷунбиш водор мекунад.

Наврӯз қадимтарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасиаш аз оғози фасли зебои баҳор, кишту кор мужда медиҳад. Муждагонии Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, оғози кишти кор, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.

Дар баробари фарорасии ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки фарвардин ном дорад, офтоб ба хатти истиво меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд.

Бо фарорасии Наврӯз дашту дамон гулрез ва фазои хонадони ҳар яки мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад ва пайки некбахшандааш пиру барноро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад.

Наврӯз ба кошонаҳои ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад.

Пеш аз омадани Наврӯз фасли сармо-зимистон ҳукм меронад ва мардум аз мушкилиҳои зимистон монда шуда, дар орзуи омадани рӯзи гарм, рӯзи Наврӯз интизорӣ мекашанд.

Аз инҷост, ки шоир гуфтааст:

Наврӯз биё, ки дил пурармон дорем.

Се моҳи зимистон барфу борон дорем.

Аз сардии хонаву алови чакдон,

Ормон ба гулу чукриву торон дорем.

Мардум дар зимистон ба орзуи баҳор мезиянд ва медонанд, ки «поёни шаби сиёҳ сафед аст». Аввалин нишонаҳои баҳорӣ бойчечак аст. Дар баробари омадани баҳор модарон баҳри зиндагии амну осоишта,сарсабзиву хуррамии диёру Ватан суманак мемонанду мепазанд ва мардум гулханҳои Наврӯз афрӯхта, баҳри рӯсурхиву саломатии бардавом аловпарак ташкил менамоянд.

Навбаҳор аст, фалак хонда фалак.

Мепазад очаи ҷонам суманак .

Бо дусад ишваву сад нози базеб,

Гирди дегаш бизанад чарх малак.

Дар зинда гардонидану мақоми ҷаҳонӣ бахшидани ин ҷашни ниёгон хизмати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Маҳз бо заҳмату талошҳо ва ташаббуси Президенти кишвар ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси маънавии инсоният ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид дохил карданд. Ин аст, ки имрӯзҳо шурӯъ аз соли 2010 дар давлатҳои дуру наздики сайёра Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мо сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз бо Наврӯзу доштани Сарвари оқилу хирадманди хеш ифтихор ва фахр менамоем. Ва метавон бо боварию эътимоди қавӣ бигӯем: «Тоҷикистон- Ватани Наврӯз аст!»

Абдуҷаббор Неъматов,   мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg