БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ПАЁМРО МЕОМӮЗАНД

ХОВАЛИНГ. Имрӯзҳо омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар тамоми ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои аҳолинишин васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза дар ду - се ташкилот ва маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои омӯзиши муҳтавои Паём ҷамъомад доир карда мешавад.

Чунин ҷамъомад дар деҳаи Лоҳутии  Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳия Халилзода Сафар гузаронида шуд.

Ҷамъомадро узви  ҲХДТ, раиси Ҷамоти деҳоти Лоҳутӣ А. Ҳиматов кушод.

Сипас, баромадкунандагон дар бораи сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетӣ, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон, таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат, истифодаи самараноки обу замин, рушди соҳаи боғдорӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунархои мардумӣ ва дигар бандҳои Паём ба таври возеҳ сухан ронданд.

Онҳо омодагии худро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, изҳор доштанд. Аҳли маҷлис Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2019 -2021 -ро иқдоми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ба кори фоиданок ҷалб намудани одамони қобили меҳнат арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg