БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маориф” маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Аз сабаби он, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маориф  Исоев Алишер аз вазифаи мудири шуъбаи маориф озод карда шуда, ба ин вазифа Ғоибзода Насимҷон таъин гардидааст, зарурати интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба амал омад. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлатҷон суханронӣ намуда, пешниҳод  кард, ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғоибзода Насимҷон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шавад. Иштирокчиёни маҷлис якдилона Ғоибзода Насимҷонро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карданд. Ғоибзода Насимҷон дар назди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад карда, қайд намуд, ки ӯ сесол вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шӯрободро ба уҳда дошт ва аз кору фаъолияти ҳизбӣ хуб бохабар аст. Баҳри амалишавии ҳадафҳои Оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шуъбаи маориф тамоми чораҳои заруриро меандешад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg