ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Ҳамзамон масъулин дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва неруи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, иқтибосҳо оварда, ба сокинонба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин, аз тарафи масъулон ба сокинон варақаву таъкидҳо оид ба масъалаҳои болозикр дастрас карда шуд.