ФАРХОР. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор семинари омӯзишӣ барои раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Семинари мазкур тӯли чор рӯз давом карда, дар он ҳамаи роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия иштирок карданд. Ҳамзамон аз тарафи раиси Кумитаи иҷроия ҳамаи бандҳои китобчаи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” мавриди шарҳу баррасӣ қарор ёфтанд ва ба ҳамаи иштирокчиён китобчаҳо дастрас карда шуданд.