БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ МИЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз бо иштироки котибон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид семинар – машварати дастурдиҳӣ  тибқи дастурамали (Роҳнамо), ки  барои ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ таҳия гаштааст, гузаронида шуд.

Дар он Раҷабзода Маҳмадсаид ба котибон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро расонида, таъкид намуд, ки фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳар як шахсим масъули он  вобастагии калон дорад. Роҳбарони ва шахсони масъули ташкилотҳои ибтидоиро  низ зарур аст, ки аз рӯӣ меъёрҳои муқаррарашудаи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ  фаъолият карда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиби худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg