ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар муассисаи тааҳсилоти миёнаи умумии №3 – и ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ ва раисону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан савияи донишу малакаи ҳизбиён семинар – машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ Раҷабзода Маҳмадсаид зинан ҷамъомадагонро бо моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” шинос карда, дар бораи он маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сипас, миёни иштирокдорон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба масъалаҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва масъалаҳои марбут ба семинари омӯзишӣ розандозӣ гардида, раисону котибони ташгкилотҳои ибтидоӣ ба суолҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар охир ба ҳар як иштирокчии семинари омӯзишӣ китобчаи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” дастрас карда шуд.