БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИИ МАТБУОТ ДАР ТОҶИКИСТОН МАВҶУД БУД ВА ИМРӮЗ НИЗ ҲАСТ

АНДЕША.  Тибқи  гузориши  расонаҳои  хабарӣ радиои  озодӣ  муколаммаи  сардабири  ҳафтаномаи  “Минбари  халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо  сардабири  собиқ  ҳафтаномаи  “Нигоҳ” Фариддуни  Роҳнавард  дар  сомонаи Ютуб  баргузор гардидаро  тамошо  намуда,  ба  хулоса  омадам, ки  дар  фаъолияти соҳибкорӣ, ки  рӯзномаҳо  низ  ба  ин  раванд  дохиланд, маблағ  нақши  калидӣ  дорад.

Сардабири  ҳафтаномаи  “Минбари  халқ” Бахтиёр  Ҳамдамов  хеле  хуб  баён  намуданд, ки   дар  замони  муосир  шабака иҷтимоӣ  яке  аз  ҷузъи  таркибии  интернет   ба ҳисоб меравад ва мардум  бештар  ҳама  он  воқеаю рӯйдодҳои ҷаҳони муосиррро  маҳз  аз  он  дастрас  менамоянд,  ки  ба  мавҷудияту  фаъолияти сомонаҳо  таъсири  худро  мерасонад.

Ҳар  як  шаҳрванди  кишвар  хуб  медонад, ки ҳуқуқи  инсон  чист ва  чи  тавр бояд  онро риоя  ва  истифода  намояд.

Муҳоҷират  дарёфти  зиндагии  хуб  имрӯз  дар  ҷаҳони  муосир  ба  як   мафҳуми  оддӣ  мубаддал  гаштааст. Ҳазорон  нафар мутахассисони  варзидаи  соҳаҳои  гуногун,  аз  ҷумла  табибону олимон,  журналистони  машҳуру   варзишагарони номдор барои  дарёфти  зиндагии  хуб  ба    давлатҳои  дунё, аз  ҷумла   кишварҳои  тараққикардаву зиндагии  хуб дошта   ба муҳоҷират  мераванд.  Ин  аз  як  тараф  ба  рушди  соҳаҳои  мухталифи  рушди  кишвар  зиён оварад ҳам,  чи  илоҷ вазъи мавҷудаи  замони  муосир  ҳаминро  талаб  менамояд.

Озодии  матбуот ҳанӯз  аз  ибтидои  соҳибистиқлолӣ дар  кишвари  мо   мавҷуд  буд ва  имрӯз  низ  ҳаст. Инро  ҳар  як  фарди ватандӯст  медонад  ва  дар  доираи  қонун истифода  мекунад. Ҳеҷ кас  ҳақ  надорад  озодии  баёнро   бо  мақсади  иғвогарӣ  ва ба ҷаҳониён барои манфиату    мушкилоти  шахсии  худ дурӯғ ва  иғвоангез баён  намояд.Ман низ  ба ақидаю пешниҳодҳо ва ҷавобҳои   Бахтиёр  Ҳамдамов ҳафикрам.

С. Ализода, раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи Носири  Хусрав      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg