ПАНҶ. Дар варзишгоҳи ноҳия бо роҳбарии мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ғафуров Сайдамир ва иштироки кормандони Кумитаи иҷроия бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати Кабут Сайфутдин ва Озодагон семинар-машварати дастурдиҳӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзиши масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия бо раисони ташкилотхои ибтидоии хизби дастуру супоришқои мақомоти болоии ҳизбиро расонида ба онҳо тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориҳоро дар ташкилоти ибтидоиҳои ҳизбӣ фаҳмонида ба ҳар яки онҳо китобчаи «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ»-ро дастрас карда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ як қатор дастурҳои лозимаро доданд.