БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат – ҳидоятгару роҳнамоӣ халқ

КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони қишрҳои ҷомеа дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул,  сардори раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб Раҷабзода Мирзоалӣ, директори муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷабӣ Асозода ва сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб Нозимов Зуҳуршо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳозирин ба навбат ба сухан баромада, қайд карданд, ки суханронии Сарвари давлат, ки аз санаи 12.05.2018 бармеояд мавзӯъҳои васеъро дар бар гирифта, тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Инчунин, гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар муроҷиат ба аҳли ҷомеаи кишвар иброз доштанд, ки  дасти хайри мо, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бештар ба амалҳои созандагӣ, аз ҷумла овардани хати об ба ягон маҳалли аҳолинишин, таъмири мактаб ё обод кардани гӯшае аз синфхонаҳои он, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, пуле созанду қитъаи роҳеро обод сохтан равона бояд гардад. Зеро маҳз аз ин роҳ метавонем ба саодати ду дунё шарафёб гардем.

Ҳамзамон, қайд шуд, ки дигар амали хайри мо ин тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ мебошад. Чунки аз роҳи тарбияи дуруст фарзандонамон, ки давомдиҳандаи умрамон мебошанд, бо кору амали неки худ номбардорамон хоҳанд шуд.

Дар охир аз ҷониби ҳайати раёсат таъкид шуд, ки мо ҳар сония, ҳар дақиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша бояд омода бошем, ки ин марзу буми худро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя намоем ва дар рушду тараққиёти кишварамон саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg