ПАНҶ. Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.
Дар ҳамин доира бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва саҳми ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шоҳмот-1» роҳи марказии маҳалла сангфарш карда шуд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Ҳамдиёрони азиз, ободу зебо гардонидани дару хонаи ҳар яки шумо туҳфаи арзандаест ба ҷашни бузурги Истиқлолият.