ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Атавуллоев» бо аъзо, фаъолони ҳизб ва сокинони ин маҳалла вохӯрӣ барпо гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, хизмат ба Ватан - қарзи шаҳрвандӣ, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва оид ба ҷилавгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан ронд.