БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ЛЕВАКАНТ. Вобаста ба иҷрои банди 52-и Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамбастаги бо ташкилотҳои ибтидоии бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши маориф мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби ҷавонон ва наврасон ба оммавияти варзиш пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, инчунин ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар Паёми навбатии худ қайд гардид, ки солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне, шумораи иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст.

Сухани ифтитоҳиро раиси шаҳр, Давлатзода Зарина Дилмурод оғоз намуда, иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро бо ҷашни дар пешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, қайд кард, ки майдончаи варзишие, ки мусобиқа доир шуда истодааст, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди биноҳои баландошёнаи шаҳр сохтани майдончаҳои варзишие мебошад, ки аз тарафи соҳибкорон сохта ба истифода дода шудааст ва минбаъд сохтани ин гуна иншоотҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар дар назар аст.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора иброз дошт, ки маҳз дар тамоми дунё миллату давлатро ду нафар шахсият муаррифӣ менамояд, ин ҳам бошад Президенти давлат ва варзишгаре, ки ба хотири ғолибияти ӯ парчами давлатӣ парафшон шуда, Суруди миллӣ садо медиҳад. Мо ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба ҳисоб меравад, барору комёбиҳо таманно менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg