ҶАЙҲУН. Бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи бинои маъмурии ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Истиқлол зиёда аз 700 гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, бехҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишии назди ташкилот аз хасу алафҳои бегона тоза карда шуд.
Боиси зикр аст, ки ба хотири омодагиҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад. Ҳамарӯза бо ҷалби сохторҳои гуногун ва аҳолӣ дар маркази ноҳия ва назди ташкилоту муассисаҳо гулшинонӣ сурат мегирад.