ҶАЙҲУН. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Панҷ”, “Сулҳобод”, “Хайём”, “Баҳористон”, “Кӯҳдоман” ва “Рӯдакӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳми бузургу беназири Пешвои миллат дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бағоят бузург буда, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳост.
Дар идома таъкид гардид, ки вазифаи виҷдониву инсонии ҳар як ҷавон ин аст, то истиқлолу озодии давлати соҳибихтиёрамонро чун неъмати муқаддаси ҳаёташон ба мисли гавҳари бебаҳои зиндагиашон гиромӣ доранд ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.