БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бемории СПИД вабоест барои генафонди миллат.

ЁВОН. Чанде қабл дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд. Инчунин дар вохӯрӣ бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мудири тиббӣ-машваратии ҷавонони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра ва директори маркази пешгирӣ алайҳи бемории СПИД Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Расулов Маҳмадрасул –мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитти рӯза ба шахсони якаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва ғайра андешаронӣ намуданд.

         Аз ҷониби директори маркази пешгирӣ аз паҳншавии бемории СПИД Алифов Ҷаҳонбек қайд карда шуд, ки  шумораи гирифторони ин вабои аср дар ноҳияи Ёвон ба 150 нафар расидааст. Ин 150 нафар ҳамон шахсоне ҳастанд, ки ба маркази ноҳиявии СПИД омада, аз ташхис гузаштаанд, шояд ин шумора зиёд бошад. Аз ин рӯ мо аҳли ҷомеаро мебояд ба рафтору ахлоқи фарзандонамон аҳамияти ҷиддӣ деҳем. Мутаассифона, дар миёни 150 нафар гирифторони бемории СПИД 7 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки онҳо ҳанӯз шаҳди зиндагиро начашида, ба ин бемории вабои аср гирифторанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg