БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ДӮСТӢ. Оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов бо раисону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур семинар-машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Инчунин, ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, китоби "Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ" дастрас карда шуд.

Аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, барои ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони бомаърифат ва дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизб ба раисону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg