ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ М. Ғоибназаров ба як нафар маъюби гурӯҳи якум Монаков Агамурод, сокини деҳаи Бешаи палангони Ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.Чунин дастгириву иқдомҳои неку созанда аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дошта, сокинон аз ин дастгириҳои ҳизбиён миннатдории хешро баён менамоянд.