ДАНҒАРА. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 – 2021 – ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз фаъолияти ҳунармандони ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф дидан намуданд.
Инчунин, аз ҳунари ҳунармандони ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, деҳаи Хуррамзамин дидан намуда, ба ҳунари волои ҳунарманддухтарони ҷавон барои боз ҳам эҳё кардани анъанаҳои неки ниёгон маслиҳатҳои судманд доданд.