Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт мунаввар,
Аз бӯи хуши лолаву райҳону санавбар.
АНДЕША. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллӣ ва қадимии тоҷикон буда, ҳанӯз аз давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед ба мо ба мерос мондааст. Ин иди муқаддас басо рамзҳои хуби аҷдодиро дар худ инъикос намуда, ба давраи зиндашавии табиат, омадани фасли зебои сол-баҳори хуҷастапай рост омадааст.
Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо- тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз аз нав эҳё мегарданд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардин ҳамчун рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав шинохта шудааст.
Мо-халқи тоҷик ин ҷашни бузургро бо як тантанаи хос ва расму оини тоҷикона пешвоз мегирем. Дар арафаи ин ид мардум хонаҳо ва гилему палосҳои хонаашонро шуста тоза мекунанд. Инчунин, дар аввали фасли баҳор гандумро хобонда, дар иди Наврӯз бо аҳлу байт ва дӯстон якҷоя суманак мепазанд. Дар гирди деги суманак рақсу бозикунон бо навбат суманакро мекобанд ва ба қавли гузаштани мо ҳар касе, ки суманакро кофта, чизеро орзу намояд, гӯё он мустаҷоб мегардад.
Наврӯз чи накҳату зебоии мафтункунанда дорад, ки оламро хурраму сарсабз мегардонад. Гулу гулбуттаҳо ва дарахтон ҷумла сабзу муаттар ва назаррабо мешаванд . Боз як шаҳомати Наврӯз ин аст, ки мардум дастархони идона тайёр намуда, онро бо ҳафт син ва ҳафт шин, яъне он ғизоҳое, ки бо ҳарфи “с” ва дигаре бо ҳарфи “ш” оғоз мегарданд, оро дода, базму сурудхонӣ мекунанд. Дар ин иди халқӣ анъанае ҷой дорад, ки мардон ва писарон бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гӯштингирӣ, тухмзанак ва арғамчинбозӣ мекунанд.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек, хонаи обод, тинҷию оромӣ ва дастархони пурнозу неъмат ато намояд. Наврӯзи оламафрӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!
Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон