АНДЕША. Наврӯз ҷашни на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи бойи миллӣ ва воситаи тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бар асари файзи Наврӯз кӯчаву хиёбонҳо, идораҳову хонаҳои истиқоматӣ, боғҳову гулгаштҳо боз ҳам ободтару дилоротар мегарданд.
Чун сухан аз аҳамияти байналмилалии Наврӯз меравад, зикр намудан бамаврид аст, ки расму оинҳои ин ҷашни таърихӣ беш аз шашҳасорсола дошта аз фарҳангу одобе бармеояд, ки ба арзишҳои маънавии дигар халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ доранд.
Бузургӣ ва фазилати дигари ҷашни Наврӯз дар он аст, ки одамонро ба рафоқату бародарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва фаромӯш сохтани душманиҳо, тозаву озода намудани макони зист, сару либос, ашёи рӯзгор ва аз дилу хотираҳо дур сохтани кинаву адоват даъват мекунад.
Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардани Наврӯзи Аҷам дар он аст, ки дар тӯли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷу равнақи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин, ба сифати фарҳанги волои ҳамкориву ҳамёрӣ ва омили муҳими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ ба инсонҳо хизмат кардааст.
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ноҳия чун дар сартосари кишварамон маъракаҳои кабудизоркунӣ, дарахтшинонӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таълимию табобатӣ, фарҳангию варзишӣ, ба тартиб даровардани роҳу кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Сокинони шарафманду заҳматпешаи ноҳия ҳамчун гузаштагони бунёдкори худ бо такя бар анъанаҳои созандаи наврӯзӣ баҳри ободиву шукуфоии диёр саъю талош варзида, омодаанд, ки дар мавсими кишту кор пурмаҳсул меҳнат кунанд.
Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннатҳои деринаи гузаштагонамонро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрӯз барои мо- тоҷикон ва кулли кишварҳое, ки ҷашни Наврӯзи Аҷамро таҷлил мекунанд, боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиатро гиромӣ дошта, анъанаҳои инсонпарваронаи онро идома медиҳем.
Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми орзуҳои наҷиб мебошад, табиат дубора зинда мешавад, деҳқонон ба замин донаи умед мекоранд, хуршед ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо эҳсоси самимонаи накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.
Бузургони илму адаби мо дар ҳама давру замонҳо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро таърифу тавсиф кардаанд. Мо низ бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои сулҳу озодӣ, дар Ватани ободу биҳиштосои худ ҷашни аҷдодиамон Наврӯзи хуҷастаро таҷлил менамоем.
Барои истиқболи арзандаи Наврӯзи оламафрӯз ҳар як фарди банангу номусро лозим аст, ки бо шукрона аз неъматҳои бебаҳои сулҳу истиқлол ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшида, бо мақсади рушду тараққиёти Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намояд.
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми сокинони Ватани маҳбубамонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи дилафрӯз табрик ва таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракатро таманно мекунам.
Шодиев Давлат, мудири шуъбаи молия, сармуҳосиби Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон