АНДЕША. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба хисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.
Сатторов Шариф, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш