БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб

А.ҶОМӢ. Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Ҳалимов-раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки О. Раҷабова-мудири шуъбаи бойгонии ноҳия, Г. Мирзоева-мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ноҳия ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар маҳаллаи М.Горкийи ҷамоати деҳоти «Яккатут»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, доир ба самтҳои асосии фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, алалхусус дар мавзӯи  «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он» бо сокинони маҳаллаи М.Горкийи  ҷамоати  мазкур  вохӯрӣ  доир намуданд.

         Дар вохӯрӣ  ҳамчунин  роҳбарону фаъолони  ҷамоати мазкур, хунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия, сокинони маҳалла, алалхусус ҷавонони  фаъоли маҳаллаи  мазкур  ширкат  варзиданд.

         Зимни баромад Муҳаммаддовуд Ҳалимов-раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сараввал муҳтавои  Паёми Пешвои миллатро ба сокинони маҳалла баён намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон  намуданд.        Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеа, махсусан ҷавононро  лозим аст, ки ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ  ҷаҳду талош варзанд.  

Сипас, дар идомаи баромад Муҳаммаддовуд Ҳалимов қайд кард, ки ҳифзи амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб рафта, аз хар як фарди солимфикри ҷомеа тақозо карда мешавад, ки дар ин ҷода саҳмгузор  бошад.

         Дар охир дар ҳузури ҳозирин дар маҳаллаи  мазкур  ташкилоти  ибтидоии «Бӯстон-2» созмон дода шуда бо як овоз аз ҳисоби  ҷавонони кордону бомасъулияти  маҳалла дар ташкилоти ибтидоии номбурда Идиев Лоиқ раис интихоб  гардид.

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg