Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизб дар байни чомеа ва хубтару беҳтар намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо роҳбарону котибони масъули ташкилотҳои ҳизбӣ семинар-машварати ҳизбӣ таҳти унвони «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» баргузор гардид.
Дар семинар- машварати ҳизбӣ аз 8 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуда, доир ба дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории дохили ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз масъулин ёрии методию назариявӣ ва ҳуқуқӣ гирифтанд.