БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲСОНКОРӢ РӮЗГОРИ ЭҲТИЁҶМАНДОНРО ЗИННАТ МЕБАХШАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” ба як оилаи эҳтёҷманд  дар деҳаи Cебзори  Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка ва пиёз расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки  “Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст”.

Бояд қайд кард, ки модари меҳрубон аз ташрифи масъулин шод шуда, минатдории худро ба Пешвои муаззами миллат баён дошта, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва барои кору фаъолияти ҳаррӯзаи ҳизбиён  дуои нек намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg