БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ БА СОКИНОН ФАҲМОНИДА ШУДА ИСТОДААСТ

Н.ХУСРАВ. Тибқи  нақшаи  тасдиқгардидаи Дастгоҳи  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони  Маҷлиси  намояндагон  Холбойзода  Н.Х ва  Файзуллозода  З.Х.   дар якҷоягӣ бо   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Носири  Хусрав  нуктаҳои  Паёми  Пешвои  миллат  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  сокинони  деҳаю  маҳаллаҳои  ҷамоатҳои  деҳот  фаҳмонида дода  истодаанд.

Санаи  16-уми  март  вакилони  мардумӣ бо  сокинони деҳаи  Сангоба    Ҷамоати  деҳоти  «Наврӯз», дар  толори маҷлисгоҳи муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 10  суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуда нуктаҳои  Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фаҳмонида  доданд.

    Вакилони Маҷлиси  намояндагон ба  сокинону  кормандон  доир ба вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар  рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии сокинонро  оиди  пешгирии  бемории  сироятии коронавирус,  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, истифодаи  самаранок ва сарфакоронаи нерӯи  барқ, ҳифзи  иҷтимоӣ, дастгирии  давлатии  гуруҳхои  осебпазири  аҳолӣ, ба  роҳ  мондани  корҳои созандагиву  ободонӣ,  бахшида  ба  истиқболи  сазовори  30-  солагии Истиқлолияти  давлатӣ, корҳои  ободонию кабудизоркунӣ, ҷалби  соҳибкорону саховатмандон  дар  рушди  иқтисодии кишвар фаҳмонида  доданд. Аз  рафти  баргузории вохӯриҳои  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аксҳо  бардошта  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg