Н.ХУСРАВ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Носири Хусрав ба роҳ монда шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот ва муҳайё кардани шароити зиндагии осоиштаи сокинон дар ростои корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Олтинсойи Ҷамоати деҳоти Истиқлол Бердиев Бобораҷаб Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, шоҳроҳи даромади ноҳия, ки дар ҳолати нисбатан таъмирталабӣ қарор дошт, ба масофаи 200 метр асфалтпӯш карда шуд. Ин иқдоми неки узви фаъоли ҲХДТ аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта, миннатдории хешро ба соҳибкори ватандӯст ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб изҳор доштанд.